Студопедия.Орг Главная | Случайная страница | Контакты | Мы поможем в написании вашей работы!  
 

Мавзуи 5



Намудхои тахлили иктисоди

1. Таснифи намудхои тахлили иктисоди.

2. Важагихои ташкил ва методикаи тахлили иктисодии чори, фаври ва перспективи

3. Важагихои ташкил ва методикаи тахлил фаъолияти корхона, тахлили иктисодии дохили хочаги ва сохави.

Асоси таснифи намудхои тахлили иктисодиро таснифи вазифахои идоракуни ташкил мекунанд, зеро тахлили иктисодиро унсури зарурии ичрои хар функсияи идоракунии иктисодиёт мебошад. Функсияхои асосии идоракунии иктисодиро чунин муайян кардан мумкин аст:

1. Таъминоти иттилооти: идоракуни (чамъовари коркард, танзими иттилоот дар бораи ходисию равандхои иктисоди).

2. Тахлил (тахлили рафт ва натичахои фаъолияти иктисоди, арзёбии бомуваффакиятии он ва имкониятхои такмили он дар асоси меъёрхои илман асоснок);

3. Накшагири (пешгуи, накшагирии дурномой ва чории системаи иктисоди);

4. Ташкили идоракуни (ташкили амали самарабахши ин ё он унсури механизм хочагидори ба максади оптимизатсия истифодаи захирахои мехнатии моддию молиявии системаи иктисоди);

5. Назорат (назорати рафти ичрои бизнес -накша ва карорхои маъмури).

Мувофики мухтавои раванди идоракуни тахлили перспективи, тахлили фаври, тахлили чориро чудо мекунанд.

Вобаста ба характери объект идора таснифи зерини намудхои тахлил кабул шудааст, ки нуктахои зеринро инъикос мекунад:

1 – сохтори сохавии хочагии халк;

2 – сатхи истехсолоти чамъияти ва идоракуни (сех, шуъба участка);

3 – унсурхои таркибии истехсолот (захирахои мехнати ва модди).

4 – Мархилаи раванди такрористехсоли васеъистехсолот, мубодила, таксимот, истеъмол гайр аз ин намудхои тахлили иктисоди аз чихатхои зерин тасниф мешаванд;

5 – Субъектхо, яъне ки тахлилро ичро мекунад (рохбарият, умури иктисоди, ширкатхои аудитории, макомоти молия);

6 – Даврахои тахлил (солона, семоха, якмоха, даромади, якдафъаина, басти);

- Мухтаво ва пуррагии мавриди омузиш (пурра, мавзуи);

- Методи омузиши объект (тахлили комплекси системави, тахлили мукоисави, яклухт, интихоби, кореллатсиони);

- Дарачаи механикони ва автоматикии корхои хисоббарори (тахлил дар шароити коркарди электронии маълумот бо истифодаи техникаи хисоббарору перфоратсиони, мошинахои хисоббарори клавишадор).

Тахлили чори тахлили ретроспективии натичахои фаъолияти хочпагии амали гардида мебошад, ки маъмулан тибки мухимтарин даврахои хисоботии хочагидори дар асоси хисоботи расми ва хисоботи бухгалтерии системави амали гардонида мешавад.

Вазифахои асосии тахлили чори арзёбии айнии натичахои фаъолияти тичорати, ошкорсозии комплексии захиоахои истифода нашуда, сафарбар кардани онхо барои баланд бардоштани самарабахши иктисодии истехсолот дар даврахои накшавии оянда, хамчунин ошкорсозии камбудихо ва гунахкоронии онхо.

Ин нанамуди тахлил камбудии назаррас низ дорад: захирахои ошкорсохта маънои имкониятхои аз даст рафтаи афзоиш самарабахши истехсолотро доранд, зеро ба давраи гузашта мутаалликанд.

Дар раванди тахлил холатхои хочаги ба кайд гирифта мешаванд ва натичахо танхо дар кори оянда ба назар гирифта мешаванд, бинобар ин барои баланд бардоштани муассирии тахлил вазифаи тезонидани пешкаш намудани хисобот ба миён гузошта мешавад ва онхо тамоми умури иктисодию техники идоракуни, хамчунин сеху дигар чузвхо аз руи хамаи кисмхои тахлил амали мегарданд.

Тахлили чори тахлили аз хама пурраи фаъолияти хочагидори буда, натичахои тахлили фавриро дарбар мегирад ва барои тахлили перспективи асос шуда хизмат мекунад.

Тахлили фаври яке аз намудхои тахлили иктисодиест, ки ба халли масъалахое,ки дар назди идоракунии фаврии системаи хочагидори истодаанд, равона карда мешавад.

Тахлили иктисоди фаври баракси тахлили чори аз чихати вакт ба лахзаи ичроиши амали хочагидори наздик аст. Он ба маълумоти бахисобгирии ибтидои ва мушохидаи бевоситаи раванди истехсолот асос меёбад. Натичахои тахлили фаври махсусан самарабахш мегардад, агар бо хисоби дохили хочагии сеху участка ва бригадахо тавъам мавриди истифода карор гирад.

Дар ин маврид худи рохбарон аз чихати модди ба харчи зудтар ошкор сохтани норасоию камбудихои кор ва захирахои истифода набурда манфиатдоранд.

Тахлили фаври системаи омузиши хамарузаи ичрои супоришхоиплани ба максади дар мавридхои зарури фавран дахолат кардан ба раванди истехсолот барои таъмини фаъолияти мураттаб ва босамараи комплекси хочагидори мебошад.

Манбаъхои иттилооти барои гузаронидани чунин тахлил: хучатхои ибтидои, маълумоти мухосибат ва хисоботи фаврию техники, хамчунин маводи мушохидахои шахси.

Аксар вакт дар ин хуччатхо нишондихандахои иктисоди дар ифодаи натурави оварда шудаанд.

Тадкики махз нишондихандахои натурави хусусиятхои тахлили фаври мебошад.

Тахлили перспективии фаъолияти хочагидори бо максади муайян кардани киматхои эхтимолии онхо дар оянда гузаронида мешавад.

Тахлили перспективи манзараи ояндаро кушода дода, системаи идоракунандаро бп иттилоот дар бораи оянда, ки барои халли масъалахои идоракунии стратеги зарур аст, таъмин мекунад.

Вазифахои тахлили перспективиро мохияту чои он дар накшагию идоракуни муайян мекунанд. Вазифахои мухимтарани ин тахлил: ояндабинии фаъолияти хочагидори, илман асоснок кардани накшахои перспективи, арзёбии эхтимоли ичрои накша.

Хангоми тахияи накшахо тахлили перспективи чун шакли асосии тадкикоти пеш аз накшавии иктисодиёти корхона баромад мекунад: дар рафти ичрои бизнес – накша тахлил перспективи воситаи ояндабини ва арзёби натичахои эхтимоли аст.

3. Вожагихои тахлилро вазифахои он маком, ки тахлили кори корхонаро аали мегардонад муайян екунад. Онхо дар пай дар пайи омузиши иктисодиёт, дар мавзуи тахлил ва шаклхои кори тахлили зохир мешаванд.

Баракси тахлили фаъолияти корхона чун объекти идоракуни хусусияти асосии тахлили дохили хочаги диккат додан ба чузъиёти подрезделенияхои алохида, арзёби сахми онхо ба комёби тамоми чомеаи мехнати мебошад.

Тахлили дохили хочаги тамоми зинахои иерархияи идоракунии халкаи асосии халк аз подразделенияхо то чои кориро фаро мегирад.

Тахлили дохилихочаги фаъолияти подразделенияхо алохидаи идтиходияхои истехсоли дар саноат ва дигар сохахо вохидхои истехсоли, инститктхои тадкикоти илми, шуъбахои идоракуниро дарбар мегирад. Дар рафти тахлили дохили хочагии фаъолияти идтиходияхои истехсоли бояд важагихои сохтори онхо, ки мачрои иттилооти иктисодиро пешаки мукаррар мекунанд, ба назар гирифта шаванд. Масалан, хангоми ташаккули идтиходияхои истехсоли дар саноат корхонахои хурду миёна ба вохидхои истехсолии тахассусашон махдуд табдил меёбанд, ки номгуи махдуди кисмхою узелхоро тайёр мекунанд ё равандхои якхелаи технологиро барои дигар вохидхои истехсолии итиходияхо ичро мекунанд.

Хамзамон тачаммуи (консентрасияи) анборхо амали мегардад, нигохдории мутамаркази ашёи хом, масолех. Махсулоти тайёр ташкил мешавад, дар ин асос захирахои анборхо ихтисор мешаванд, таъмини комплексии вохидхои истехсоли бо захирахои модди ба амал бароварда мешавад.

Тахлили фаъолияти хочагидории идтиходияхои истехсоли хам умуман мувофики идтиходияи ва хам оид ба корхонахои мустакил, ки ба тарики он дохил мешаванд, хамчунин вохидхои истехсоли, ки ба баланси мустакил баромадаанд, гузаронида мешавад.

Тахлили сохави ба мазуни васеъаш хамаи сатххои идоракунии сохаро аз звенои асосии корхона то звенои оли, ки аъмулан сохахои хочагии халкро дарбар мегирад.

Тахлили сохави ба маънои махдудаш идтиходияхои сохавиро дар бар мегирад. Хинни гузаронидани тахлили иктисоди фаъолияти идтиходияхои сохави омори мухосиби чамъбасти, хисоботдихии фаврию махсус истифода мешавад.

Кисми зиёди нишондихандахои хисоботи чамъбасти бо рохи чамъ кардани нишондихандахои хисоботи чамъбасти ба даст оварда мешаванд. Нишондихандахои алохидаи хисоботи чамъбасти бор охи хисобгарди бузургихои миёна ва нисби дар асоси маълкмоти чамъбасти ташаккул меёбанд. Хисоботи чамъбасти натичахои муштараки кори идтиходияхои тобеъ, хамчунин корхонаю ташкилотхои мустакиман тобеъро инъикос мекунад.

Хангоми гузаронидани тахлили иктисодии кори соха гайр аз хисоботи чамъбасти хисоботи махсусро дар бораи чори кардани техникаи нав, сифати махсулот, таёрии кадрхо, ба меъёергирии мехнат, захирахои модди, мвчаххазии мехнат бо неруи барк, ташкили илми мехнат, такмили идоракуни, инкишофи ичтимой, маърифати иктисодии мехнаткашонро чалб кардан лозим аст.

Суолу супоришхо:

1. Вазифахои тахлили иктисоди

2. Таснифи намудхои тахлили иктисоди

3. Вожагихои ташкили тахлили чори

4. Тахлили дохили хочаги.

5. Тахлилхои фаври ва перспективи. Тахлили сохави





Дата публикования: 2015-10-09; Прочитано: 3905 | Нарушение авторского права страницы | Мы поможем в написании вашей работы!



studopedia.org - Студопедия.Орг - 2014-2024 год. Студопедия не является автором материалов, которые размещены. Но предоставляет возможность бесплатного использования (0.008 с)...