Студопедия.Орг Главная | Случайная страница | Контакты | Мы поможем в написании вашей работы!  
 

Мавзуи 1



Донишгохи Давлатии Хучанд

Ба номи академик Б. Гафуров

Факултет: «Молия ва иктисодиёти бозор»

Кафедра: «Молия, тахлил ва омор»

Комплекси таълимии методи

Аз фанни «Назарияи тахлили иктисоди»

(барои ихтисосхои иктисоди)

Хучанд 2011с

Мавзуи 1

Мундарича, хадаф, максадхои тахлили иктисоди.

1. Мундаричаи тахлили иктисоди.

2. Хадафи тахлили иктисоди.

3. Тахлили иктисоди дар давраи гузариш ба муносибатхои бозори, бо равандхои зерин алокаманд аст:

а) тадкики равандхои иктисоди дар робитахои мутакобили онхо, ки тахти таъсири конунхои аишии иктисоди ва омилхои зехни ба амал меоянд

б) бо асоснокунии бизнес – накшахо, арзёбии айнии ичроиши онхо

в) бо ошкор кардани омилхои мусбату манфи ва андозгирии микдори таъсирии онхо:

г) бо ошкор сохтани тамоюлу таносуби инкишофи хочагидори муаяйн кардани захирахои истифода намудани дохили хочаги.

д) бо чамъбасти тачрибаи пешкадам, кабули карорхои оптимали идори.

Дар раванди тахлил омилхои асосие, ки ба фаъолияти хочаги таъсир мерасонанд, ошкор ва тавсиф карда мешаванд, дарачаи таъсири онхо андозагири мешавад.

Тахлили иктисоди хадафи (предмети) худро дорад. Тахти мафхуми хадафи тахлили иктисоди равандхои хочагидории корхонахо идтиходияхо, ассотсиатсияхо, самараи ичтимоию иктисоди ва натичахои нихони молиявии фаъолияти онхо фахмида мешаванд, ки зери таъсири омилхои айнию зехни ба миён меоянд ва омилхои мазкур тавассути системаи иттилооти иктисоди инъикос меёбанд.

Тахлили иктисоди бо равандхои хочагидории корхонахо идтиходияхо, дигар, чузвхо ва натичахои интихони истехсолию молиявии фаъолияти онхо сару кор дорад. Ба катори раванду натичахои мухимтариндохил мешаванд:

1. Баланд бардоштани асоснокии илмию иктисодии бизнес – накшахо ва меъёрхо.

2. Тадкики айни ва хаматарафаи ичроиши бизнес – накшахо.

3. Муайян кардани самарабахши истифодаи захирахои мехнати, модди ва молияви.

4. Назорат ба амали гардонидани талаботи тичорати.

5. Ошкор сохтану андоза гирифтани захирахои дохили.

6. Санчиши мувофикии карорхои маъмури.

Дар шароити нави хочагидори зарурати катъии ба хам мутобик кардани хамаи унсурхое, ки системаи идоракуниро ташаккул медиханд бо методхои ба онхо мувофики хочагидори, ки мухимтарини он хисоббарории тичорати аст, ба миён меояд.

Баробари ба талаботи хам бозори дохили ва хам бозори беруни мувофик кардани фаъолияти истехсоли, миёнарави ва дигар намудхои фаъолият вазифахои тамоман нав, вазифахое, ки барои ашки хочагидории анъанавии мо хос нестад, арзи хасти мекунанд.

Таъсирбахши методу усулхои тахлили дар маркетинг истифода шавандаро кад кардан зарураст.

Аз як тараф, тахлили фаъолияти тичорати чун воситаи амалигардонии функсияхои маркетинг, аз тарафи дигар чун функсияи идоракунии умумман фаъолияти маркетинги баромад мекунад.

Дар шароити хозира фаъолияти тичорати характери бисёрчаха пайдо мекунад. Он хамкории зигро бо хамаи умури тичоратии корхона такозо менамояд.

Дар чунин шароит фаъолияти тичорати функсияи мухими менечмент мегардадю

Ба туфайли ташкили мохиронаи кори аналитики дар корхона синтези иттилооти аналитикии хам умури функсионалии алохида ва хам умури менечменти таъмин карда мешавад.

Тадкики таваккали тичорати дар шароитии муосир вазифаи вижаи тахлили иктисоди ба шумор меравад

Саволу супоришхо

1. Тахлили иктисоди чун илм

2. Накши тахлили иктисоди дар идоракунии истехсолот

3. Мундаричаю мохияти тахлили иктисоди

4. Максади тахлили иктисоди

5. Хадафи (предмети) тахлили иктисоди

6. Объекти тахлили иктисоди

7. Вазифахои тахлили иктисоди

8. Хусусиятхои тахлили иктисоди дар шароити бозор.





Дата публикования: 2015-10-09; Прочитано: 3496 | Нарушение авторского права страницы | Мы поможем в написании вашей работы!



studopedia.org - Студопедия.Орг - 2014-2024 год. Студопедия не является автором материалов, которые размещены. Но предоставляет возможность бесплатного использования (0.008 с)...