Студопедия.Орг Главная | Случайная страница | Контакты | Мы поможем в написании вашей работы!  
 

Мавзуи 3



Методхои тахлили иктисодию риёзи

1. Мухтавои методи тахлили иктисодию риёзи.

2. Тахлили диспосионалии равандхои иктисоди

3. Тахлили коррелятсионию регрессиви

4. Методи матрисавии тахлил

5. Назарияи бозихо

1. Методхои иктисодию риёзи методхои пешкадами хозиразамон буда, ба истифодаи МЭХ асос меёбанд.

Истифодаи васеи методхои риёзи дар тахлили иктисодии муосир самти мухим буда, самарабахши тахлили фаъолияти корхонахо ва чузвхои онхоро баланд мебардорад. Ин кор аз хисоби кам кардани мухлати гузаронидани тахлил, нисбатан васеътар фарогирифтани таъсири омилхо ба натичахои фаъолияти тичорати, иваз кардани хисобкунихои такрибию соддакардашуда бо хисоб кунихои аник, гузоштану хал кардани масъалахои нави бисёрченакхои тахлил, ки амалан халли дастии онхо ё халли онхо бо методхои анъанави имкомпазир аст, муяссар мегардад.

Истифодаи МЭХ бояд ба принсипхои зерин мусоидат кунад:

а) Муносибати системави ба омузиши иктисодиёти корхона.

б) Тахияи мачмуи амсилахои иктисодию риёзи.

в) Такмили системаи иттилооти иктисоди дар бораи фаъолияти корхона.

г) Мавчудияти воситахои техники муосир.

д) Ташкили шуъбахои махсуси тахлилгарон ба барномасозон.

2. Дисперсия ин яке аз нишондихандахои тагийрёби (вариатсия) меошад, ки ин хирофи дар як вариантро аз кимати миёна нишон медихад.

Дисперсия дар он мавридхое, ки равандхои иктисодии дар каторхои таксимот ва бузургихои миёна инъкос шуда вазъи умумии объекти мавриди тахкикро тавсиф карда наметавонанд, истифода мешавад.

Дисперсия аз руи формулаи зерин муайян мекунанд.

Масалан, дар бораи санчиши сифати лампочкахо маълумоти зерин мавчуд аст:

№ санчиш Давомнокии равшан будани лампочка () ()
    +20  
       
    -25  
    +5  
    -10  
    +10  
Чамъ      

Методи тахлили коррелятсионию регресиви

Методи коррелятсионию регресиви барои муайян намудани зичии алокаи байни нишондихандахое, ки дар вобастагии функсионали карор надоранд, истифода мешавад. Зичии алока байни ходисахои омухта шаванда бо муносибати коррелятсиони чен карда мешавад (барои вобастагии качхатта). Барои вобастагии ростхатта коэффисиенти коррелятся хисоб карда мешавад.

Яке аз масъалахои пахншудани тахлили, к ибо истифодаи методи коррелятсионию регрессиви хал мешавад, масъалаи масоф – тавлид мебошад.

Масоф            
Тавлиди 17,2 20,9 11,6 18,7 14,1 12,9

Муодилаи дахлдори регрессияро тартиб дода, вобастагии тавлиди мануот ба хисоби миёна аз масофаи онхо муайян кардан лозим аст, кимати x ва y аз руи формулаи зерин муайян карда мешавад.

Ба хисобкунихои минбаъда шакли чадвали доди мешавад, ки аёнияти онхоро зиёд мекунад.

         
    1,3   1,3
         
-4   -4,3 18,49 18,49
    2,8 7,84 7,84
-2   -1,8 3,24 3,24
    -3    
         

Зичии алока байни нишондихандахои масофа ва тасид бо коэффисенти коррелятсия чен карда мешавад, ки онро аз руи формулаи зерин хисоб мекунанд:

           
309,6 459,8 150,8 374,0 211,5 180,6

Методхои матрисавии тахлил ба алгебраи хатти ва вектория матрисави асос ёфта, барои омузиши сохторхои мураккаб ва баланди андоза чи дар сатхи корхонахаю идтиходияхои онхо истифода мешаванд.

Истифодаи методхои матрисавиро дар мисоли зерин нишон медихем:

Ду се корхона ду намуди махсулотро мебароранд: сехи якм махсулоти намуди 1 ва сехи дуюм махсулоти намуди дуро як кисми махсулоти истехсолшаванда барои конеъ гардонидани талаботи дохили масраф мешавад. Кисми бокимонда махсулоти нихои аст. Таксимоти байнисехии махсулотро, ки ба истеъмоли дохили () еравад ва ба хачми умумии махсулоти истехсолшаванда () меравад муайян кардан лозим аст, агар праметрхои харочоти мустаким (А) ва махсулоти нихои () дода шуда бошад.

Унсурхои матрисаи мустакими А коэффисентхои харочоти мустакими махсулоти намуди I ба истехсоли вохиди махсулоти намуди i мебошанд, дар мисоли мо ин коэффисентхо чунин мешаванд:

Унсурхои вектор – сутунчаи у бузургии махсулоти нихониро, ки барои фуруши беруна меравад, муайян мекунад.

Барои муайян кардани истехсоли умумии мачмуи махсулоти намудхои 1 ва 2 формулаи зеринро истифода мебарем:

Матрисаи баръакси В= (Е – А) – ро бо ёрии методи иловахои алгебри хосил мекунем.

Матрисаи иловахои алгеьрии Д ба тарики зайл ташаккул меёбад.

Хамин тарик, истехсоли умумии сехи якум 200, сехи дуюм бошад 300 –ро ташкил мекунад.

Таксими махсулот байни сеххо барои истеъмоли дохили аз руи формулаи зерин муайян карда мешавад:

Махсулот     Истехмоли дохили       Махсулоти нихои   Истехсоли умуми    
сех      
         
         

Назарияи риёзи (математикии) бозихо.

Назрияи бозихо стратегияхои мусоидро (антималиро) дар холибхои ки характери бозиро доранд, тахкик мекунад, ба онхо холатхои мрбут ба интихоби киматхои истехсолии аз хама самарабахши системаи тачрибахои илмию хочаги бо ташкили назорати омории муносибатхои мутакобилаи хочагидори байни корхонахои саноат ва дигар сохахо дохил мешаванд. Холатхои низоиро аз чихати риёзи формализатсия карда, онхоро чун бозии ду, се ва гайра. Бозингар тасаввур кардан мумкин аст, ки хар яке онхо мехоханд аз хисоби бозингарии дигар манфиат ба даст оранд. Дар корхонахои саноати назарияи бозихоро барои интихоби карори мусоид (оптимали) масалан, хангоми бунёди захирахои максадноки ашёи хом, масолех, нимфабрикатхо истифода бурдан мумкин аст. Масалан, фабрикаи дузандагиро мегирем, ки курта ва кастюми бачагона мебарорад, ки фуруши онхо аз вазъи обу хаво вобаста аст (корхона, фарз кардем, махсулоташро ба воситаи магозаи фирмавиаш мефурушад).

Харочоти фабрика дар давоми апрел – май ба вохиди махсулот маблаги зеринро ташкил кард: курта 8 рубл, костюм – 27 рубл, нархи фуруш мутаносибат 16 ва 48 рублеи. Муфовики мушохидахои замони гузошта, фабрика дар ин моххо дар вакти гарм будани хаво 600 костюм ва 1975 курта, хангоми сардор будани хаво бошад 625 курта ва 1000 костюм фурухта мешавад.

Вазифа аз он иборат аст, ки бо назардошти инчикхои обу хаво бузургии миёнаи даромад аз фуруши махсулоти истехсолшуда максималтзатсия карда шавад. Фабрика дар вазъият ду стратегияи зеринро дорад: бо назардошти хавои гарм (стратегияи А) бо назардошти хавои сард (стратегияи В). Агар коргох стратегияи А – ро интихоб кунад, яъне махсулоте, ки ба хавои гарм мувофикат мекунад (стратегияи мутакобили хавои гарм (стратегияи табиат -С), ба фуруш равад. Даромади фабрика дар ин холат 600 (48-27)+1975 (16-8)=28400 рубл мешавад. Агар фуруши махсулот дар хавои сард (стратегияи табиат Д) сурат гирад, костюмхо пурра ба фуруш меравад, курта бошад хамаги 625 дона фурухта мешавад. Дар ин маврид даромади корхона

600(48-27)+625 (16-8) – (1975 - 625) 8 = 6800 рубл мешавад.

Мисли хамин даромади корхонаро дар мавриди истифодаи стратегияи хисобу китоб мекунем.

Дар шароити хавои гарм даромади фабрика

600 (48-27) + 625 (16-8)= 26.000 рубл

Корхонаи (Р) ва табиатро (Р) ба сифати бозингарони дигар кабул карда, материтсаи прадохти хосил мекунем:

Бозингарон   Р (табиат)  
Р   (корхона) Стратегияхо   Стратегияхои С Стратегияи Д М/н дар сатрхо
Стратегияхои А      
Стратегияхои В      
Мик - сутунхо 28,400    

Аз матрисаи прадохти маълум аст, ки бозингари Р1 (корхона) харгиз аз 6800 рубл камтар даромад намегирад. Вале агар шароити обу хаво бо стратегияи интихоб гардиди мутобикат кунад, даромади (бучаи) корхона 2600 ё 28400 рублро ташкил мекунад.

Агар бозингари Р мунтазам стратегияи А ва бозингари Р стратегияи Д – ро истифода баранд, буча то 6800 рубл мефарояд. Хамин холат дар мавриди мунтазам стратеги В –ро истифода бурдани бозингари Р ва стратегияи С – ро татбик кардани бозингари Р низ рух медихад. Аз ин чо ба хулоса омадан мумкин аст, ки корхона даромади хадди аксарро баъзан стратегияи А ва баъзан стратегияи В таъмин мекунад.

Чунин стратегия омехта, унсурхои он бошанд (А ва В) стратегияи холис номида мешаванд.

Саволу супориш

1. Мафхуми методхои тахлили иктисодию риёзиро шарх дихед.

2. Намудхои методхои тахлили иктисодию риёзиро номбар кунед.

3. Методи тахлили дисперсиониро шарх дихед.

4. Тахлили коррилятсионию регресиви чист.

5. Методи матрисавии тахлил.

6. Методи назарияи бозихо

Масъалаи 1.

Сохтани амсилаи иктисодию риёзии талаботи кобили пардохти бо хуроквори аз сатхи даромадхои оила тибки маълумоти пурсиши гузаронидашуда байни 8 гурухи оилахо (ракамхо нисбат ба хисобу китоби 100 рубл даромаду харочот).

Даромади оилахо 1,4 3,3 5,5 7,6 9,8 12,0 14,7 18,9
Харочот ба хурока 1,1 1,4 2,0 2,4 2,8 3,1 3,1 4,0

Масъалаи 2

Таксимоти харратон аз руи адади мехвархои коркардашуда дар як баст мавчуд аст.

Теъдоди мехвархои   Шумораи Коргарон f X – f     (y -f)   (x - T)2     (X - 1)2    
Коркардашуда (х)          
           
           
           
           
           
чамъ          

Дисперсия (инхирофи миёна квадрати) муайян карда шавад.

Масъалаи 3

Корхонахои тичорати як чанд стратегияхои хочаги оиди ташкили захирахои молии А, А, А – роб о назардошти вариантхои имконнопазири таъмини базаи яклухти В, В, В тахия кардааст. Матрисаи пардохти аз арзёбии фонди (ракмахо шартианд) иборат аст.

Стратегияи муоид (антималии) коргохи тичоратиро ёфтан лозим аст.





Дата публикования: 2015-10-09; Прочитано: 3256 | Нарушение авторского права страницы | Мы поможем в написании вашей работы!



studopedia.org - Студопедия.Орг - 2014-2024 год. Студопедия не является автором материалов, которые размещены. Но предоставляет возможность бесплатного использования (0.008 с)...