Студопедия.Орг Главная | Случайная страница | Контакты | Мы поможем в написании вашей работы!  
 

Мавзуи 8



Тахлили натичахои нихони фаъолияти хочагии корхона.

1. Тахлили харочот ба истехсолот ва арзиши аслии махсулот.

2. Тахлили натичахои молияви.

3. Тахлили вазъи молияви.

Паст кардани арзиши аслии махсулот омили хеле мухим инкишофи иктисодиёти корхона аст. Зери мафхуми арзиши аслии махсулот ва ичрои кор сарф шуда, хамчунин харорати нигохдорандаи такмили шароити истехсолот фахида мешавад. Таркиби харочотие, ки ба арзиши аслии махсулот дохил мекунанд, таснифи онхо тибки моддахо ба воситаи стандарти давлати муайян карда мешаванд. Методхои калкулятсияи харочотро бошад худи корхонахо муайян мекунанд. Арзиши аслии махсулот аз харочоти корхона ба истехол ва гардиш иборат буда асоси андоза ё мукоисакунии харочоту дароад аст. Ба ибораи дигар он асоси худкифои мебошад, ки нишонаи асосии хисоби хочагии бозори аст. Рзиши асли яке аз нишонахои чамъбастии интенсификатсия ва самарабахши истеъмоли захирахо мебошад.

Вазифахои тахлили арзиши аслии махсулот иборат аст аз:

- арзёбии асосноки ва шиддатнокии накшаи арзиши аслии махсулот, харочоти истехсолот вагардиш дар асоси тахлили рафти харч;

- мукарар кардани динамика ва дарачаи ичрои накша оиди арзиши асли;

- муайян кардани омилхое, ки ба динамикаи нишондихандахои арзиши асли ва ичрои накша, бузургию сабаби инхирофи харочоти харочот аз накша;

- тахлили арзиши аслии намудхои алохидаи махсулот;

- ошкор сохтани захирахои минбаъд паст кардани арзиши аслии махсулот.

Тахлили арзиши аслии махсулот ба ошкор сохтани имкониятхои баланд бардоштани самарабахши истифодаи захирахои модди, мехнати ва пули дар раванди истехсолот, таъминот ва фуруши махсулот равона карда шудааст, омухтани арзиши аслии махсулот имкон медихад дарачаи нишондихандаи фоида ва даромаднокие, ки дар корхона ба даст омадааст, нисбати дуруст арзёби гардад.

Максади тахлили молияви арзёбии фаъолияти гузашта ва вазъи корхона дар лахзаи чор, хамчунин арзёбии иктисоди оянда корхона аст.

Дар мархилаи аввал муносибат ё самти тахлилро муайян кардан лозим аст: нишондихандахои корхонаро бо нишондихандахои миёнаи хочагии халк ё соха мукоиса кардан зарураи дорад ё не?

Дар архилаи дуюми тахлили молияви сифати иттилоот сифати даромадхо арзёбии мегардад, ба ибораи дигар таъсири тарзу методи ба хисобгири ба ташаккули фоида ва дигар натичахои молияви барраси мешавад. Масалан, фоида холис «асос» - и хамаи нишондихандахои молияви аст. То чи андоза он вокеист?

Фоида ва даромадноки нишондихандахои мухими самарабахши истехсолот мебошанд. Фоида, аз як тараф, манбаи асосии фоидахои корхона, аз тарафи дигар,манбаи даромади давлат ва бучаи махали мебошад. Айни замон ба хисоб гирифтани на танхо хачму афзоиши фоида, балки дарачаи даромадноки зарураст.

Мо бояд донем, ки ба хар сомонии фондхои истехсоли чанд сомони фоида гирифтаем. Ба андозаи фоида ва дарачаи даромадноки бисёр омилхо таъвсир енамоянд.

Фоида ва даромаднокии корхона нишондихандаи чамъбастии интенсификатсияи фаъолияти истехсолию маркетинги ебошанд. Барои корхонахо ба кисмхо таксим кардани фоида мухим аст, ки як кисми он ба бучаи махали меравад. Ва кисми бокимонда дар ихтиёри корхона мебошад.

Фоидаи дар ихтиёри корхона монда ба маблаггузарии асоси оиди тачдиди техника, тараккии воситахои гардиши хурди хавасмандгардонии моддии кормандон, чорабинихои ичтимоию фарханги, сохтмонии манзил сарф мешавад.

Масъалахои зерин мавриди тахлили чукур карор мегиранд:

- шароитхои табии, омилхои наклиёти ва омилхои дигар, ки боиси харочоти иловаги мегарданд.

- тагйир ёфтани нарх ба махсулот, ашёи хом, масолех, сузишвори, тарифхои хизматхо

- аз чониби тахвилгарон, макомоти молияви вайрон кардани интизоми масъалахои интизоми масъалахои хочагидори.

- сарфхое, ки аз барориши махсулоти ба талаботу шартхои технологияи истехсолот номувофик ба даст омадааст. Натичаи умумии фаъолияти хочагидори аз фуруши мол, фурушхои дигар ва натичахои гайри тичорати ташаккул меёбад.

Фоида аз фуруши мол ва дигар фурушхои ташкил мешавад.

Вазъи молиявии корхона бо чойгиршавию истифодаи воситахои корхона тавсиф мешавад. Вазъ ё холати молияви дар кобили пардохт будани корхонахо, кобилияти сари вакт конеъ гардонидани пардохтхои тахвилгарони техника ва масолех тибки шартномахои хочагидори, баргардонидани карз, пардохти мохонаи коргарону хизматчиён, пардохт ба буча зохир мегарданд.

Вазифахои тахлили иктисодии холати ё вазъи молияви аз онхо иборатаанд: арзёбии айнии истифодаи захирахои молияви дар корхонахо; ошкор сохтани захирахои дохили хочагии тахкими холати молияви, хамчунин бехтар намудани муносибатхо байни корхонахо ва макомоти берунаи молиявию кредити.

Холати молиявии корхонахоро холат ва чойгиршавии воситахои онхо тавсиф мекунанд, ки ин он дар тавозунхои мухосиби инъикос меёбад. Нишондихандахои асосии холати молияви инхоянд:

- таъмин будан бо воситахои гардиши худи.

- мутобикати захирахои вокеи воситахои модди ба меъёр

- таъмин будани захирахо бо манбахои воситахои ба ин максад пешбини шуда.

- Бехаракат (иммобилизатсия) сохтани воситахои гардиши, кобили пардохт будани корхона.

Кобили пардохт будани корхона холати молиявии онро инъикос мекунад. Кобили пардохти муътадил будани корхона имкон медихад, ки он ухдадорихояшро дар назди дигар ташкилот сари вакт ва пурра ичро кунад.

Хангоми арзёбии кобили пардохт будан шароити мушаххаси кори корхонаро ба назар гирифтан лозим аст. Нишондихандаи аз хама чамъбастии самарабахши умумии фондхои асоси ва гардиши мебошад.





Дата публикования: 2015-10-09; Прочитано: 4709 | Нарушение авторского права страницы | Мы поможем в написании вашей работы!



studopedia.org - Студопедия.Орг - 2014-2024 год. Студопедия не является автором материалов, которые размещены. Но предоставляет возможность бесплатного использования (0.014 с)...